Лозиқия
Маҳалли аҳолинишин | |||
ар. اللاذقية | |||
|
|||
Кишвар | [[|]] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Масоҳат |
|
||
Баландии марказ | 0 м | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ |
|
||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | 041 | ||
elatakia.sy | |||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Лозиқия (ар. اللاذقية) — шаҳр дар шимоли Сурия, маркази маъмурии муҳофазаи Лозиқия. Аҳолияш 410 ҳазор нафар (2019). Дар соҳили б. Миёназамин воқеъ аст (бузургтарин бандари кишвар). Тавассути шоҳроҳҳо ба шаҳрҳои Ҳалаб, Хумс, Тароблис (Лубнон) ва тавассути роҳи ооҳан ба шаҳрҳои Ҳалабу Димашқ пайваст мешавад. Фурудгоҳи бйналмилалии ба номи Босил Асад дорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳр, ба гумони ғолиб, аз ҷониби Селевки аввали Никатор (тақрибан 358—281 ё 280 то мелод) дар маконе бо номи Рамита бунёд шудааст. Дар аввал яке аз бузургтарин марказҳои тиҷорӣ дар Сурияи Шимолӣ буд. Солҳои 494 ва 555 бар асари зилзилаи сахт хароб гашта, дубора эҳё шуд. Соли 638 ба ҳайати Хилофати Араб пайваст. Соли 968 сипоҳиёни Руми Шарқӣ (Бизонис), соли 1084 туркҳои салҷуқӣ ва соли 1097 салибиён шаҳрро тасхир карданд. Соли 1260 ба ҳайати графи Тароблис (яке аз чор графи таъсисдодаи салибиён дар Шарқ) ворид шуд. Соли 1287 аз ҷониби султони мамлукҳои Миср Мансур Қаловун фатҳ шуд. Аз аввали асри 16 дар ҳайати империяи Усмонӣ. Соли 1920 сипоҳиёни фаронсавӣ шаҳрро ишғол ва аз соли 1923 пойтахти давлати Алавиёни қаймумати Фаронса бар Сурия буд. Шаби 6 ва 7-уми октябри соли 1973 дар наздикии Лозиқия задухурди низомии неруҳои баҳрии Исроилу Сурия ба амал омад.
Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Лозиқия аз шаҳрҳои куҳнаи Сурия буда, ёдгориҳои давраҳои гуногун боқӣ мондааст. Шаҳр ба қисми болоӣ бо кӯчаҳои танг ва поинӣ бо кӯчаҳои васеъ иборат аст: Калисои Марями Муқаддас аз аҳди Бизонист ва Николаи Муқаддас, манора (асри 14), масҷиди ал-Кабир (асри 13) ва ал-Ҷадид (асри 18). Дар атрофи Лозиқия ҳамчунин харобаҳои шаҳри Угорит ва Қалъаи Салоҳиддин (асри 10) боқӣ мондаанд.
Илм ва маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳр Маркази таҳқиқоти баҳрӣ (1980), маҷмааи варзиш (1987), Д-гоҳи Октябр (1971), осорхона, корхонаҳои таҳияи ғизо, коркарди тамоку, чарм, пахта ва тавлиди абрешим фаъолият доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Густерин П. В. Города Арабского Востока. — М.: Восток—Запад, 2007. — 352 с. — (Энциклопедический справочник). — 2000 экз. — ISBN 978-5-478-00729-4.